Дар натиҷаи таҳқиқотҳои бисёрсолаи шуъбаи селексия ва технологияи чорвои ширии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ, бо усули истифода бурдани ҷуфтикунонии зотрӯёнӣ бо иштироки генофонди се зот: сиёҳало, ҳолландӣ ва голштинӣ офарида шудааст.
Ширдӯшии подаҳои селексионӣ ба ҳисоби миёна 5406 кг шир, равғаннокии 3,85% ва равғани шир 208,4 кг-ро ташкил медиҳад, ки ин аз ҳисоби миёнаи пода 1000 кг ва аз стандарти класи якум 1500 кг зиёд аст.
Зоти алои тоҷикии чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои зотпарварии ҷамъиятию саҳҳомии «Баракат», А. Юсуфов ва Л. Муродови шаҳри Ҳисор, А.Ҷумъаев, Навгилем, Бобо Мақсуд, Палосс, хоҷагии деҳқонии Б. Ғафуров, хоҷагии деҳқонии Ҷаббор Расулов, МҶБЧ Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ бо саршумори 2760 сар парвариш ёфта истодаанд.
Бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2022 таҳти № 4/2 зоти алои тоҷики тасдиқ карда шудааст.
Бо истифода аз буққаҳои зоти голландӣ (1970-1985) дар вилояти Суғд ташкили авлодҳои бениҳоят сермаҳсули буққаҳои Сама-Виске, Бант, Луурика ва Неэроро ба роҳ монданд. Аз писарон, набераҳо, абераҳо ва чабераҳои ин буққаҳо то солҳои -1980 ба таври васеъ дар тамоми хоҷагиҳои вилоят истифода бурда шуд. Дар тамоми хоҷагиҳои вилоят зиёда аз 54 оилаҳои сермаҳсул ташкил карда шуданд. Модаговҳои ин оилаҳо аз рӯи маҳсулнокиашон, равғаннокиашон, вазни зинда, намуда беруна ва шакли синаашон аз дигарҳо фарқ мекарданд.
Баъд аз солҳои 80-ум дар тамоми ҷаҳон дар корҳои зотпарварӣ бо зоти сиёҳало аз буққаҳои зоти голштинӣ истифода мебурдагӣ шуданд. Имрӯз ин зот яке аз зотҳои сермаҳсултарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ватани аслии ин зот Голландия мебошад. Баъдтар дар ИМА ва Канада васеъ паҳн шуд. Давлати Исроил аз ин зот аз як сар модагов то 13,5-14,0 ҳазор кг шир медӯшад. Давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, ки чорводорӣ тараққӣ кардааст ба монанди Амрико, Канада, Голландия, Франсия, Япония аз ин зот самарабахш истифода мебаранд ва аз як сар модагов аз 7000 то 9000 кг шир медӯшанд.
Ба ҷумҳурии мо низ буққаҳо ва нутфаи ин зотро аз солҳои 1980 сар карда ворид намуданд. Мақсади асосӣ баланд бардоштани маҳсулнокии ширӣ, беҳтар намудани сохти бадан, шакли сина ва дар як вақт нигоҳ доштани равғаннокӣ буд.
Дар байни подаи зоти сиёҳало имрӯз ҳайвоноти гуногунхун парвариш карда мешаванд. Исбот карда шудааст, ки бо зиёд шудани хуни голштинӣ то як дараҷаи муайян маҳсулнокӣ боло меравад. Тадқиқотҳо муайян намуданд, ки истифода бурдани буққаҳои зоти голштинӣ маҳсулнокии зоти сиёҳалоро аз 500 то 1000 кг зиёд менамояд.
Аз солҳои 1985 сар карда дар тамоми хоҷагиҳои вилоят ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳур ба голштинизатсиякунонии зоти сиёҳало шурӯъ намуданд. Дуруст ба роҳ мондани корҳои зотпарварӣ ва селексионӣ зуд натиҷаи дилхоҳ доданд. Дар заводҳои зотпарварии ба номи А. Саматови ноҳияи ба номи Ҷ. Расулов, заводи зотпарварии ба номи Ҷ. Расулови ноҳияи Б. Ғафуров ва “Палас”, хоҷагиҳои “Ирам” ва ба номи Э. Бойматоваи ноҳияи Конибодом пурра ба истифодаи буққаҳои зоти голштинӣ гузаштанд.
Ба ҷумҳури қариб аз тамоми давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон аз қабили Амрико, Канада, Ҳолландия, Олмон, Исроил, Русия, Полша ва ғайраҳо буққаҳои зоти голштинӣ (нутфаашон) ворид карда шудаанд.
Таҷрибаҳо исбот намуданд, ки истифода бурдани буққаҳои голштинӣ маҳсулнокии чорвои дурагаро баланд бардошта, сохти баданашонро беҳтар намуд. Дурагаҳо намуди ширӣ пайдо намуданд, вазни зиндаашон то ба 500-550 кг расонида шуд.
Парвариши бомақсади гӯсолаҳоро нағз ба роҳ монданд. Дар хоҷагиҳои зотпарварии ба номи Л.Муродов вазни миёнаи гӯсолаҳо дар сини 9-моҳагӣ 238,6кг,12-моҳагӣ 296,1 ва 18-моҳагӣ ба 412,6 кг расонида шуд. Дар хоҷагиҳои “Паласс” ва «Навгилем» ин нишондодҳо мутаносибан чунин буданд: 206,2; 278,6; 345.0 кг ва 162.1; 208.1 ва 301кг.
Хусусан истифодаи буққаҳои селексияҳои амрикойӣ: Крис 171, Мартин 678, Хикмарк 799, Грей 181, Астронавт 199, Элвио 9972, селексияи олмонӣ: Семит 788, Лорд 287, Эксперт 277, Лидо 677, Ахтер 519, Винт 839, селексияи Россия: Мак 519, Меч 598, Экран 2233, Байкал 743, Дурман 361, Адонис 472, Арарат 454, селексияи Ҳолландӣ: Эллерд 686, Разалин 645, Лел 628, Аналин 2173, селексияи Эстонӣ: Полёт 805 натиҷаҳои хуб доданд.
Аз ҳисоби буққаҳои Астронавт 199 ва Семит 788 ду авлоди нав ташкил карда шуд. Писарони онҳо Атой 1140, Тростник 2160, Эрбус 70, Арбус 1494, Зонтик 455, Ампер 80, Ветер 2271 ва набераю абераҳои онҳо Азлик 614, Паркет 439, Грек 817, Эрсон 6979, Гордий 969, Гром 939 ба таври васеъ истифода шуданд ва асоси офаридани зоти говҳои алои тоҷикӣ гаштанд.
Дар тӯли 20 соли баъди офаридани зоти говҳои алои тоҷикӣ саршумори ин тип хелоҳо афзоиш ёфт.
Дар байни тамоми чорвои ширие, ки имрӯз мо дар ҷумҳурӣ дорем, ягона зоти говҳои алои тоҷикӣ, агар ба маънои пуррааш гӯем фаъолият доранд. Мардум инро мебинанд ва хубро аз бад фарқ мекунанд. Аз ин лиҳоз, солҳои охир ареали паҳншавии тип хеле васеъ гашта саршумори он аз ҳисоби хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва шахсӣ хелеҳо зиёд шудааст.
Танҳо дар 10 соли охир саршумори ин зотро хоҷагиҳои зерини ҷумҳури харидори намудаанд ва онҳо асоси пешравии ин хоҷагиҳо гардидаанд. Аз хоҷагии зотпарварии ба номи А. Самадови ноҳияи Ҷ. Расулов 20 сар буққа ба хоҷагии деҳқонии “Элдор”-и Дегмой, 50 сар ғуноҷин ба хоҷагии зотпарварии ба номи А.Ҷумъаеви ноҳияи Б. Ғафуров, 100 сар модагов ва 60-сар ғуноҷин ба хоҷагии “Чорводори Нов”-и ноҳияи Спитамен, 200 сар модагов ба хоҷагии ба номи Р. Набиеви ноҳияи Б. Ғафуров, 100 сор модагов, 400 сар ғуноҷин ва 2 сар буққа ба хоҷагии “Баракат”-и ноҳияи Ҳисор, 100 сар ғуноҷин ба хоҷагии фермерии “Умед”-и ноҳияи Рӯдакӣ, 20 сар буққа ба хоҷагии ба номи Л. Муродов ва 7-сар буққа ба хоҷагии ба номи А.Юсупови ноҳияи Ҳисор, аз хоҷагии ба номи “Чорводори Нов”-и ноҳияи Спитамен ба хоҷагии “Доштманди”-и ноҳияи Файзобод 100 сар ғуноҷин харидори карда шудааст. Қариб тамоми чорвои калони шохдори атрофи хоҷагиҳои ба номи А. Саматови ноҳияи ба номи Ҷ. Расулов, хоҷагии ба номи Ҷ.Расулов ва А.Ҷумъаеви ноҳияи Б.Ғафуров ва “Палосс” бо буққаҳои ин хоҷагиҳо бордор карда шудаанд. Зиёда аз 70%-и чорвои шахсии аҳолии ноҳияҳои ба номи Ҷ. Расулов ба номи Б. Ғафуров, Конибодом, Спитамен, Ҳисор аз буққаҳои тип ба тариқи дасти ё сунъӣ бордор карда мешаванд.
Танҳо як чиз боиси нигаронист, ки ҳангоми чунин тез паҳн шудани саршумори говҳои тип баъзан унсурҳои зотрӯёнӣ аз қабили интихобкунӣ, хостагирӣ, технологияи парвариш, хуннокии буққаҳо ва модаговҳо, ба инобат гирифтани хусусиятҳои ирсии падарию модарии онҳо, дараҷанокии буққаҳо, вазни зиндаи буққаҳо ва модаговҳо, технологияи парвариши гӯсолаҳо ва ғуноҷинҳо мумкин ба инобат гирифта нашаванд. Тадқиқотҳои солҳои охир исбот карданд, ки аз тамоми он буққаҳое, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, танҳо буққаҳои селексияи амрикойӣ, ки аз минтақаҳои гарм аз қабили (Техасс, Амазонка, Калифорния ва ғайра) оварда шудаанд ва буққаҳои зоти тоҷикӣ, ки дар шароити ҷумҳурӣ офарида шудаанд самараи хуб медиҳанд.