ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ

      Институти  чорводорӣ  ва чарогоҳ муассисаи ягонаи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 10 шуъба, 2 озмоишгоҳ, филиали  Суғдии институтро  дар бар мегирад,  ки дар  он  106 нафар кормандон,  аз  он  ҷумла 1  нафар  академик  ва  1  нафар узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, 9 нафар докторони илм ва профессорон, 25 нафар номзадҳои илм  ҷалб шудаанд  ва дар 7  самт, мавзуъҳои илмӣ корҳои таҳқиқотиро анҷом медиҳанд.

Дар назди Институти  чорводорӣ  ва  чарогоҳ докторантураи (PhD), доктор аз рўи ихтисос, аспирантура ва докторантура аз рўи ихтисосҳои пешниҳодшуда 6D080202- Зотпарварӣ, селексия ва генетикаи ҳайвоноти кишоварзӣ  амал мекунад.

Аз рўи ихтисосҳои пешниҳодшуда Институти   чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур  корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ бурда мешаванд.  Ҳамчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи ихтисосҳои пешниҳодшуда 4 нафар докторони илм кору фаъолият менамоянд, аз он ҷумла дар Институти  чорводорӣ  ва  чарогоҳ  3 нафар.

Вуҷуд доштани норасоии кадрҳои баландихтисоси илмӣ-омўзгорӣ дар соҳаи илмҳои пешниҳодгардида тақозо мекунад, ки дар Институти  чорводорӣ  ва  чарогоҳи  Академияи  илмҳои  кишоварзии  Тоҷикистон ташкили Шурои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рўйи ихтисос ва дараҷаи илмии номзади илм мувофиқи мақсад дониста шавад. Бо назардошти он, ки таъмини амнияти озуқаворӣ,  яке аз вазифаҳои стратегии муайян намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, мавқеи соҳаи чорводорӣ дар ҳалли масълаи мазкур хело муҳим мебошад.

Роҳбарони илмии аспиранту унвонҷӯён дар якҷоягӣ бо мудирони шуъбаю озмоишгоҳҳо вазифадор карда шудаанд, ки нисбат ба масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ, роҳбарон ва мушовирони илмӣ масъул буда, ба сифати таҳқиқот ва тартиби рисолаҳо аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд ва аз ҷониби котиби илмии Шурои диссертатсионӣ қабули рисолаҳо ба ҳимоя, беғаразона бо риояи ҳамаи бандҳои Низомномаи намунавӣ оид ба Шурои диссертатсионӣ ба роҳ монда шавад.

http://www/instchorvodori.tj ;   e-mail: chorvodori@bk.ru