Гӯсфанди ҳисорӣ муҷассамаи бебаҳои олами ваҳшу тайири Тоҷикистон аст. Бале маҳз дар Тоҷикистони офтобӣ зоти гӯсфанди ҳисорӣ арзи ҳасти намудаву худро ба оламиён муаррифӣ намудааст. Ҳамин ки офтоб баромад ва табиат сабзпуш гардид,дар марғзорон ва чарогоҳ мо ба ин зоти нодир рӯ ба рӯ мегардем. Гӯсфанди ҳисорӣ аз дигар гӯсфандон бо назокату роҳгардӣ ва ҷуссаи азими худ фарқ мекунад.
Садои овози вай то ба дуриҳо танинандоз мегардад ва бо садои пойи монии ҷонвар ҷур гашта мусиқии ширинеро ба хотир меорад. Хаёле пайкараи гӯсфанди ҳисорӣ, ки ҳоло даромадгоҳи шаҳри Ҳисорро орро медиҳад аз гузаштаи начандон дури ин зоти нодир қисса мекунад. Бешубҳа гӯсфандони зоти ҳисорӣ таърихи пайдоиши қадима дошта, ҳануз дар асрҳои XII –XIII ба вуҷуд омадаанд. Номи худро зоти гўсфандони ҳисорї аз рўи минтаќаи парвариши онҳо, яъне водии “Ҳисор” –и Тоҷикистон гирифтааст. Дар асрҳои миёна нависанда ва сайёҳи машҳур Марко Поло зоти гўсфандони Ҳисориро дар ќаламрави ҳамин мавзеъ вохўрда, таасуроти худро оид ба ин гўсфанд дар китоби худ «Венесианес Марко Поло» чунин қайд намудааст: «Гўсфанд аз рўи ҷусса ба монанди маркаб, дорои думбаи ғафсу калон бо вазни 30 фунт аст. Гўсфандони фарбеҳи равғанӣ, дорои гўшти болаззат мебошанд».
Дар китоб ёдовар шудаастӣ, ки ҳануз соли 1912 гўсфандони зоти ҳисорӣ дар намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи давлати Россияи подшоҳӣ дар шаҳри Москва аз ҷониби бекигарии ҳамондавраи водии Ҳисор пешниҳод ва ба намоиш гузошта шуда, ба онҳо барои ҷуссаи калон ва вазни зиндаашон баҳои баланд додаанд.
Бояд зикр кард, ки бори аввал гўсфандони зоти ҳисорӣ солҳои 1916 – 1928 аз ҷониби олимони рус Червинский Н.П. ва Елагин В.Б. шарҳу тавсифи илмӣ дода шудаанд, баъдтар онҳо солҳои 1927-1928 дар Тоҷикистон аз ҷониби экспедитсияи Институти зоотехникии Москва пурра омўхта шуда буданд. Натиҷаҳои корҳои экспедитсия аз ҷониби Азаров С.Г. соли 1928 дар монографияи «Гўсфандони ҳисорӣ» ва соли 1930 дар китоби «Гўсфандпарварӣ дар Тоҷикистон», дар ќисми «Гўсфандони ҳисорӣ» (муаллифон Азаров С.Г. ва Бригис О.И.) оварда шудаанд.
Дар давоми фаъолияти экспедитсияи мазкур 30 ҳазор сар гўсфандони ҳисорӣ мавриди омўзиш ќарор дода шуда, аз онҳо 616 сар ба таври индивидуалӣ омўхта шуданд. Вазни зиндаи қўшќорҳои калон 115-130 кг – ро ташкил медод.
Бояд ёдовар шуд, ки дар самти такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии зоти гўсфандони Ҳисорӣ олимони шуъбаи селексия ва технологияи гўсфандпарварии Институти илмию таҳќиќотии чорводории Тоҷикистон, ки соли 1931 ҳамчун аввалин стансияи илмию таҷрибавии ҷумҳурӣ оид ба соҳаи чорводорӣ таъсис ёфта буд, корҳои илмию селексионӣ оғоз гардида, то имрўз бомаром идома ёфта истодаанд.
Дар айни замон саршумори зоти гўсфандони ҳисорӣ дар Тоҷикистон беш аз 1, 7 млн. сарро ташкил мекунад. Барои парвариши он дар Тоҷикистон 7 заводу хоҷагиҳои зотпарварӣ фаъолият дорад..
Саршумори беҳтарини гўсфандони зоти ҳисорї дар заводҳои зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор, КВД «Зотпарвар»-и Ҳисор ва Шаҳринав, кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара, кооперативи истеҳсолии «Дилшод-Б»-и ноҳияи Варзоб ва як ќатор дигар хоҷагиҳо парвариш меёбанд. Ин хоҷагиҳо дар парваришу афзоишдиҳии гўсфандони хушзоту баландмаҳсул наќши асосӣ доранд. Масалан, дар натиҷаи таҳќиќотҳои илмии бисёрсола дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорон дар заводи зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор типи нави «Фархорӣ»-и ин зот офарида шудааст. Дар айни замон дар ду хоҷагии зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи олимони Академияии илмҳои кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони хоҷагиҳои зотпарварӣї корҳои илмию селексионӣ оид ба офаридани типи нав бо номи «Шаҳринавӣ» ба анҷом расонида шуд. Соли 2022 аз тарафи комиссияи давлатии апробатсионӣ ин типи нави гусфндони зоти ҳисорӣ мусбат баҳогузорӣ шуда, тасдиқи расмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт.
Саршумори селексионии типи офаридашуда бо нишондињандањои зерини мањсулнокї шарњ дода мешаванд: вазни зиндаи ќўшќорњои наслдењ 135-145 кг, дар бењтаринњо то 175 кг, мешњо-85-90 кг, дар бењтаринњо то 135 кг. Гўсфандони типи мазкур дар баробари вазни зиндаи баланд, инчунин дорои мањсулнокии пашм низ мебошанд.
Мактаби илмии гўсфандпарварони Тоҷикистон дар худуди минтаќа ҳанўз аз соли 1947 раҳнамои ин соҳаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Тавассути меҳнати тўлонии олимон ва таҳќиќотҳои илми зиёда аз 30 адад рисолаҳои докторию номзадӣ дифоъ гардидаанд. Аз ҷумлаи онҳо, докторони илм, профессорон: Лебедев И.Г., Форсихонов С.И., Ҳайитов А.ҳ., Раҳимов Ш.Т., Ҷўраева У.Ш., номзадҳои илм: Осипов В. А., Бобоев А., Орифов О., Гусейнов А.М., Сафаралиев Ѓ., Отаева М., Икромов Ф.М., Бобокалонов И.И., Раҷабов Н.А., Наботов С.Қ. Олимов А., Давлатов Х.Ќ., . ва дигарон мебошанд. Ҳоло кормандони Институти човодорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ин самт корҳои илмию амалии худро такмил дода,барои муаррифии гусфанди зоти ҳисорӣ тадбирҳои нав ба навро амалӣ намуда истодаанд. ……..Пайкараи гӯсфанди ҳисорӣ ҳайкали беҳамтои ин ҷонвари нодиру ҷаҳонӣ ҳамоно аз чорроҳа ба атроф назар мекунад. Хаёле сарнавишти гусфанди ҳисорӣ бозгуи дастовардҳои миллати тоҷик дар тӯли таърих аст.