17 август дар варзишгохи шаҳри Ҳисор Фестивал-намоиши байналмилалӣ оид ба гӯсфанди зоти ҳисорӣ, баргузор гардид
Пеш аз оғози намоиш олимону мутахассисони соҳаи чорводории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус ва дигар шарикони хориҷӣ онро тамошо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Фестивал-намоиши байналмилалии зоти гӯсфанди ҳисорӣ, дастовардҳои кишоварзӣ ва ҳунармандии корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор, дастоварди олимон дар соҳаи гӯсфандпарварӣ ва намоиш-музоядаи гӯсфандони зоти ҳисорӣ баргузор гардид. Ҳайати ҳакамон ва меҳмонон аз намоишгоҳ дидан намуда,ба дастоварҳои гусфандпарваррон аз наздик ошноӣ пайдо карданд. Дар намоиш беҳтарин гусфанди зоти ҳисорӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон муайян гардид гусфанди пешниҳоднамудаи намояндагии ноҳияи Рудакӣ бо вазни 192 килограмм соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Сипас ғолибону беҳтарин гусфандпарварон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиноси гардиданд.