Роҳбарият

Давлатов Хуршед Қаҳорович

24-уми марти соли 1965 дар деҳаи Сайдони ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1971 ба мактаби миёнаи №2-и ноҳияи Дарвоз рафта онро соли 1982 хатм намудааст.

Пас аз хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳои худро ба Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон супорида, донишљӯи  факултети зооинженерӣ мегардад. Институтро соли 1988 бомуваффаќият хатм намудааст.

Давлатов Хуршед Қаҳорович пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти кории худро ба ҳайси зоотехники соҳавии ҲШК совхози Сағирдашт оѓоз кардааст.

Солҳои 1992-1995 мудирии фермаи моли майда дар совхози Сағирдашт ва солҳои 1995-2006 бошад вазифаи сарзоотехникии совхози Сағирдаштро ба зимма дошт.

Тайи солҳои 2006-2009 Давлатов Хуршед Қаҳорович дар вазифаи зоотехники соҳаи хоҷагии кооперативи истеҳсолии ба номи К. Исмоилови ш. Ваҳдат кор ва фаъолият кардааст.

Аз соли 2009 то 2017 дар вазифаҳои ходими илмии шуъбаи биотехнологияи лазерии Институти чорводории АИКТ, мудири шуъбаи биотехнологияи лазерии Институти чорводории АИКТ, мудири шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварӣ ва бузпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолияти  пурмаҳсул намудааст.

Давлатов Х.Қ., рисолаи номзадияшро дар шурои диссертатсионии Д06.24.692 Донишгоҳи миллии аграрии Қирғизистон ба ном К.И. Скрябина соли 2015 дар мавзӯи “Технология содержания и производства продуктов овцеводства в современных условиях хозяйствования (на примере гиссарской породы овец домохозяйств).  дифоъ намудааст.   

Давлатов Х.Қ. муаллифи 1 Шаҳодатномаи Муаллифии “Зоти гӯсфанди маҳинпашми тоҷикӣ”№Tj05 аз 11.12.2023., 1 Шаҳодатномаи Муаллифии “Типи шаҳринавии гӯсфандони зоти ҳисорӣ”№Tj08 аз 11.12.2023., 1 Нахустпатент оид ба “Тарзи баланд бардоштани сифати фаъолиятнокии нутфаи буққаҳо, №TJ769. 05.07.2013., 3 китоб, 16 тавсиянома ва зиёда аз 58 мақолаи илмӣ мебошад.  

Фаъолияти босмари кории номзади илмҳои кишоварзӣ Давлатов Хуршед Қаҳоровичро ба инобат гирифта, моҳи ноябри соли 2020  ӯро ба вазифаи директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин намуданд.

Оиладор соҳиби 4 фарзанд.