Дар бораи Институт
Аввалин муассисаи илмӣ ва пойгоҳи асосии гузаронидани таҳқиқотҳои нақшавии илмӣ, инчунин манбаи пешрафти илми чорводорӣ – стансияи таҷрибавии ҷумҳуриявӣ доир ба чорводорӣ 30 декабри соли 1930 дар назди Комиссариати халқии кишоварзии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд, ки он нахустин муассисаи илмии соҳаи чорводорӣ дар мамлакат ба шумор мерафт.
Он ба тадқиқотҳои ҳамаҷонибаи соҳаи чорводорӣ ибтидо гузошт ва сарчашмаи инкишофи илми чорводорӣ гардид. Маҳз дар заминаи ҳамин стансия баъди дигаргунсозиҳои чандинкарата, чун маркази методии асосӣ роҷеъ ба таъмини пешбурди илми чорводорӣ, рушди истеҳсолоти ин соҳаи муҳим ва тарбия намудани олимони ҷавон – Институти илмӣ–таҳқиқотии чорводории Тоҷикистон таъсис дода шуд.