
Дар ин росто институтҳои зертобеи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолона иштирок доштанд. Аз ҷумла олимону мутахассисони Институти чорводорӣ ва чарогоҳ дар гушаи алоҳида беҳтарин хуришҳои мардумӣ ва хурокиҳои болаззату нодири аз маҳсулотҳои каду, тарбуз ва харбуза таҳиягардидаи худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Аз намоишгоҳ Сулаймон Зиёзода муовини сарвазири кишвар, Қурбон Ҳакимзода вазири кишоварзӣ, Амонулло Салимзода президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва дигар роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дидан намуданд. Ба меҳмонону ҳакамон хурокҳои ниёгон ва тарзи пешниҳоди онҳо писанд омад. Билхоса кадуҳои ширин, ғиззоҳои рангин, тарбузҳои атрогин ва шодиву нишоти ҳозирин мақбул афтод. Ин буд, ки дар фарҷоми ин чорабинии муҳим беҳтарин дастоварди кишоварзону олимон ба мукофотҳои соҳавӣ қадршиносӣ гардиданд.

