Парвариши гӯсфандони маҳинпашми тоҷикӣ дар шароити Тоҷикистон дар баъзе хоҷагиҳои ноҳияҳои кӯҳистон ба роҳ монда шудааст. Гӯсфандони маҳинпашми тоҷикӣ гурӯҳи зотие мебошад, ки дар натиҷаи фаъолияти чандинсолаи илмию таҳқиқотии олимон ва мутахассисон, аз ҷумла Иванцов В.Т., Моршинин М., Файзуллоев Қ.Ф., Гусейнов А.М., Кузьмина Е.Ф., Асоев М. таҳти роҳбарии профессор И.Г.Лебедев, дар як қатор хоҷагиҳои гӯсфандпарварӣ бо роҳи ҷуфтикунии мураккаби гӯсфандони дағалпашму каммаҳсули дарвозӣ бо қӯшқорони зоти маҳинпашми аз дигар давлатҳои ҳамсоя ворид кардашуда бунёд гардида, баъдан аз ҷониби олимон Гусенов А., Икромов Ф., Давлатов Х, Наботов С. ва дигарон ин гурӯҳи зотӣ такмил дода шудааст.
Гӯсфандони маҳинпашми тоҷикӣ, дар ноҳияҳои баландкӯҳи ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон (Темурмалик, Муминобод, Ҳамадонӣ ва Восеъ), хоҷагиҳои кӯҳсор ва баландкӯҳи Рашт (ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш), дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Ишкошим), водиҳои нимбиёбони иқлимашон хело хушк ва доманакуҳҳои вилояти Суғд (ноҳияҳои Мастчоҳ ва Хуҷанд) ноҳиябандӣ шудаанд.
Афзоиши саршумори гӯсфандони маҳинпашм, беҳтар гардидани маҳсулнокии онҳо имкон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ дар баробари истеҳсоли гӯшти аз лиҳози экологӣ тоза, инчунин истеҳсол ва фурӯши давлатии пашми маҳини баландсифат ба роҳ монда шавад.
Мақсади таҳқиқот –ҳифзу нигоҳдошти генофонд, баланд бардоштани маҳсулнокии пашми ин гӯсфандон, тавассути селексия доир ба зиёд намудани зичии пашм, дарозӣ ва баромади нахи тоза, баробарсозии пашм аз рӯи дарозӣ ва маҳинии нахҳо, инчунин мувофиқгардонии рамаҳо аз рӯи аломатҳои намуди беруна ва маҳсулнокӣ, вусъатбахшии таҳқиқотҳо оид ба офаридан ва пешниҳоди зоти маҳинпашми тоҷикӣ барои тасдиқи расмӣ мебошад.
Пашмашон маҳин, сафед, якҷинса, бо дарозии камволӣ, асосан сифати 64-ум бо хосиятҳои мӯътадили технологӣ тавсиф меёбад. Тароши пашм дар мешҳо 4 кг, қӯшқорҳо 7 кг, баъзан то ба 8 ва 10,5 кг мерасад.
Баромади нахи соф 50-52%-ро ташкил медиҳад. Насловарӣ 120-125 барра ба 100 сар меш мебошад.
Корҳои илмию таҳқиқотӣ ва селексионӣ дар се хоҷагиҳои зотпарвар – хоҷагиҳои ҷамоавии зотпарварии «Кангурт» ва «Оличабулоқ»-и ноҳияи Темурмалик, Кооперативи истеҳсолии “Бахт-82”-и ноҳияи Восеъ гузаронида шудааст.
Мавҷуд будани се намуд ё шакли конститутсионӣ дар байни гӯсфандони гурӯҳи маҳинпашми тоҷикӣ, барои иҷрои корҳои селексионӣ-хушзоткунӣ аҳамияти муҳим дорад:
С+ гӯсфандони пӯсти баданашон бисёрчиндор- серпашм;
С- гӯсфандони пӯсти баданашон камчиндор- самти гӯштӣ;
С гӯсфандони пӯсти баданашон миёначиндор- пашму гӯштӣ;
Дар дохили се намудҳои дар боло қайдшуда, ки тӯли солҳои зиёд дар натиҷаи корҳои селексионӣ-зотпарварӣ ташаккул ёфтаанд, инчунин панҷ авлоди (линия) гӯсфандони маҳинпашми тоҷикӣ офарида шудаанд:
авлоди (линия) якум – дорои сифатҳои хуби гӯштӣ (бузургҷусса);
авлоди дуюм – дорои сифатҳои хуби пашмнокӣ;
авлоди сеюм – дорои сифатҳои хуби гӯшту- пашм;
авлоди чаҳорум – дорои сифатҳои хуби дарозпашмӣ;
авлоди панҷум – дорои сифатҳои хуби зичпашмӣ.
Олимони Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ (Файзуллоев Қ. Ф., Гусейнов А.М., Икромов Ф.М., Давлатов Х.Қ., Раҳимов Ш.Т., Наботов С.Қ., ва ходими илмӣ Талбаков М. ) минбаъд дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди соҳаи гӯсфандпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16- марти соли 1999 таҳти № 98 корҳои селексиониро идома дода, дар марҳилаҳои солҳои 2001-2005, 2006-2010, 2011-2015, 2016-2020 тавассути тартиб додани нақшаи интихоб ва хостагирӣ барои ташкил кардани рамаҳои селексионӣ ва такрористеҳсолкунӣ, таҳқиқотҳо оид ба муайян кардани таркиби хун, пӯст, пашм, таркиби химиявии гӯшт ва равған, таркиби морфологии танаи забҳшудаи чорво, таркиби ғизоии гӯшт, инчунин муайян намудани маҳсулнокии гушту пашм гузаронида шудааст.
Бо ташаббуси бевоситаи олимони Институти чорводорӣ ва чарогоҳ дар таърихи 25 сентябри соли 2009 семинари минтақавӣ оид ба рушди соҳаи гӯсфандпарварӣ дар Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмию минтақавӣ “ Рушди гӯсфандони маҳинпашми дарвозӣ” дар санаи 14 октябри соли 2013 дар ноҳияи Темурмалик ва дар санаи 15 майи соли 2014 семинари ҷумҳуриявӣ “ Рушд додани гӯсфандпарварӣ дар Тоҷикистон”, 20 ноябри соли 2020 семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Дастовардҳои селексионӣ дар самти гӯсфандони маҳинпашми тоҷикӣ” доир гардидааст.