04 июни соли ҷорӣ дар Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ Шурои навбатии олимон баргузор гардид. Дар он мудири Шуъба селексия ва технологияи гӯсфандпарварӣ ва бузпарварӣ номзади илмҳои кишоварзӣ Сафаралӣ Наботов дар мавзӯи «Баррасии натиҷаҳои корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ дар соҳаи гӯсфандпарварӣ» ва мудири Шуъбаи хӯронидани чорво ва технологияи истењсоли хӯрока номзади илмҳои кишоварзӣ Фаррух Байгенов дар мавӯи «Истифодаи самараноки захираҳои хӯроки, хусусиятҳои физиологии пурбаҳо хӯронидани чорво» суханрони намудаанд.
Сипас атрофи мавзӯҳои баррасӣ шуда мубодилаи афкор сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул гардид.