Аз солњои 1985 сар карда дар тамоми хољагињои вилояти Суѓд ва ноњияњои тобеи љумњурӣ, хусусан шањри Њисор ба голштинизатсиякунонии зоти алои тоҷикӣ шурўъ намуданд. Дуруст ба роњ мондани корњои зотпарварї ва селексионї зуд натиљаи дилхоњ доданд. Дар заводњои зотпарварии ба номи А. Саматови ноњияи ба номи Љ.Расулов,заводи зотпарварии ба номи
Љ. Расулов, ба номи А.Љумъаев, “Паласс”, ба номи С.Урунхўљаев, ба номи Б.Махсуд, “Афзали зарзамин”-и ноњияи Б. Ѓафуров ва хољагињои “Ирам” ва ба номи Э. Бойматоваи ноњияи Конибодом, «Чорводори Нов»-и ноњияи Спитамен, «Навгилем»-и шањри Исфара, хољагињои ба номи Л.Муродов, ба номи А.Юсупов ва«Баракати чорводор»-шањри Њисор пурра ба истифодаи буќќањои зоти голштинї гузаштанд.
Дар асоси чорвои ин хољагињо соли 2001-ум типи тољикии говњои зоти сиёњало офарида шуд, ки аз 1 сар модагов то 5000 кг шир бо равѓаннокии 3,8 % ташкил медод.
Имрўзњо дар хољагињои зикргардида чорвое парвариш карда мешавад, ки дар њолати хуб хўронидан метавонанд то 10000 кг аз 1 сар модагов шир дињанд.
Самаранок истифода бурдани буќќањои зоти голштинї дар хољагии ба номи Л. Муродов имконият дод, ки мањсулнокии шириро аз 1 сар модагов дар соли 2021 –ум то ба 6500 кг, «Баракати чорводор»- 6700 кг ва хољагии ба номи А.Юсупов то 5556 кг расонанд.
Дар байни саршумори мавҷуда модаговњое вомехўранд, ки дар 305 рўз то 10200 кг Аната 765, 9483 кг Кения 1761, 8770 кг Африка 977, 8477 кг Метла 1912, 8339 кг Фермала 1896 бо равѓаннокии ширашон аз 3,77 то 4,29 % додаанд .
Саршумори умумии зоти сиёњало имрўзњо дар тамоми сохторњои, хољагидорї (љамъиятї, кооперативї, фермерї ва шахсї) зиёда аз 400 њазор сарро ташкил медињад, ки 162 њазораш дар вилояти Суѓд парвариш меёбад.
Чорвои зоти сиёњалои тољикї ин зањмати зиёда аз 70 солаи олимони тољик мебошад, ки Солдатенков Николай Иванович асосгузори он ба њисоб меравад. Дар офаридани зот зањмату талошњои олимони тољик Ахмадалиев Н.А., Рўзиев Т.Б.,Рањматов Њ.Ѓ., Самадов А. ва роњбарону мутахассисони хољагињои зотпарвар хело назаррас мебошад.
Барои офаридани зот 2029 сар чорвои калони шохдори сермањсул 969 сар аз хољагињои вилояти Суѓд ва 1060 сар аз хољагињои водии Њисор ба ќайд гирифта шудааст. Тамоми саршуморе, ки ба зоти алои тољикї пазируфта шудаанд, њуљљатњои тасдиќкунандаи зотро доранд.
Аз саршумори умумии модаговњо 468 (23,0 %) дар хољагии ба номи Л.Муродов, 253 сар хољагии ба номи А.Юсупов (12,4 %), 339 сар хољагии «Баракати чорводор»-и ноњияи Њисор (16,8 %) ва 969 сар аз хољагињои зотпарварї ва фермерию шахсии вилояти Суѓд (47,8 %), ки бо саршумори умумии 2029 сар (100 %) –ро ташкил медињанд, ба тамоми талаботњои зотбарорӣ ҷавобгӯянд ва барои офаридани зоти нави алои тоҷикӣ пешнињод карда мешаванд.
Зоти алои тољикї вобаста аз вазни зинда њангоми бордоркунии аввал 350-380 кг, вазни модаговњо -500-550 кг, синну соли зоиши аввал 27-29 моњ, ширнокї -5000-7000 кг, равѓани шир- 3,80-4,20 % ба тамоми талаботњои зотофарї љавобгўй аст.
Зот аз 4 авлод: Астронавт 199, Семит 788, Рекет 301, Ривок- 16 ва 20 оила, ки ќариб аз тамоми хољагињои зотпарваранд иборат аст..
Дар хољагињои водии Њисор аз ѓунољинњо ба њисоби миёна 4675кг шир, равѓаннокии 3,85%, баромади равѓани шир 179,9 кг ширдўшии дуюм 5163кг; 3,86%; 199,2 кг ва дар ширдўшии сеюм 5481кг; 3,86% ва 211,5кг равѓани шир ба даст оварда шудааст.
Ширдўшии подањои селексионї ба њисоби миёна 5291 кг шир, равѓаннокии 3,91% ва равѓани шир 206,8 кг-ро ташкил медињад, ки ин аз њисоби миёнаи пода 1000 кг ва аз стандарти класи якум 1500 кг зиёд аст.
Муайян карда шудааст, ки бо зиёд шудани хуни голштинї то 5/8, 3/4 њиссаи хун дар хољагињои зотпарварї мањсулнокии ширї баланд меравад.
Имрўзњо зоти алои тољикї бояд дар љумњурї яке аз захирањои асосии баланд бардоштани мањсулнокии чорвои ањолї гардад. Чунки хусусиятњои хуби ирсї, потенсиали баланди генетикї, хусусиятњои ба иќлими љумњурї мутобиќ шудан ва мањсулнокии баланд додан танњо хоси ин зот аст.
Офаридани зот ин як симои миллат ва сатњи баланди чорводории мамлакатро муарифї менамояд. Дар тамоми давлатњои тараќќикардаи љањон аз 5 то 25 зотњои ватанї офарида шудаанд.
Зоти алои тољикї якумин зоти чорвои калони шохдор аст, ки бењтарин тўњфаи Институти чорводорї ва чарогоњ,Вазорати кишоварзї, Донишгоњи аграрии Тољикистон ва мутахассисону чорводорон ба истиқболи 30 солагии Истиќлолияти мамлакати азизамон мебошад.