ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли мушкилоти обу иқлим саривақтӣ ва муҳим мебошанд, зеро ба коҳишдиҳии пайомадҳои офат ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона гардидаанд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба мушкилот ва уҳдадориҳои кишварҳои ҷаҳон, ки дар мавзуи «Ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳои оби тоза» дар Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим» доир гардид, иброз намуд.
Баҳодур Шерализода аз иштирокдорони ҳамоиш даъват ба амал овард, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ баргузор мегардад, фаъолона иштирок намоянд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки мушкилоти оби тоза, ки дар Конфронси Оби СММ моҳи марти соли 2023 бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баргузор гашт, ташаббуси наҷибтарин ба ҳисоб рафта, давлатҳои аъзоро ҷиҳати нигоҳ доштан ва барқарорсозии экосистемаҳои оби тоза роҳнамоӣ менамояд.
Гуфта шуд, ки мушкилоти оби тоза роҳи мусоидат ба ворид намудани ҳадафҳои марбут ба об ба созишномаҳои бисёрҷонибаи экологӣ ва чаҳорчӯбаи рушд, аз қабили Рӯзномаи 2030 ва Чаҳорчӯби Сендай ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи онҳо мебошад.
Ҳамоиш бо мусоидати давлати мизбони COP-28 – Аморати Муттаҳидаи Араб, Хазинаи ҷаҳонии табиати ваҳшӣ (WWF), Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) ва Барномаи муҳити зисти СММ (UNEP) гузаронида шуд.