Рӯзи 14-уми июни соли 2024 дар хоҷагии А.Юсупови шаҳри Ҳисор бо иқдоми Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ дар мавзӯи: «Истифодабарии хӯрокиҳои ғайрианъанавӣ дар хӯронидани чорвои калони шохдор», семинари илмию амалии минтақавӣ ба истиқболи ҷашни 35 –солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, “Рушди соҳаи чорводорӣ, зиёд кардани саршумори чорво ва маҳсулоти гӯштию ширӣ яке аз роҳҳои муҳимтарини беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошад ”бо ин мақсад ҳоло тамоми кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва муасиссаҳои он баҳри амали намудани нақшаҳои дар пеш истода, тадбирҳои муҳимеро амали намуда истодаанд.
Аз ҷумла, дар семинари илмию амалии минтақавӣ, ки дар шаҳри Ҳисор доир гардид доираи васеъи кормандони соҳа ва кишоварзон иштирок намуданд. Семинарро бо сухани муқаддимавӣ академик Комилзода Д.Қ., ифтитоҳ намуд. Сипас, директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ, н.и.к., Давлатов Х.Қ., перомуни “Рушди соҳаи чорводорӣ ва мавқеи он дар таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърузаи муфассал намуд.
Дар мавзӯи “Асосҳои хӯронидани чорво дар ҳамаи намуди хоҷагидорӣ” профессори кафедраи технологияи коркарди маҳсулоти чорводорӣ ва хӯронидани чорвои ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур, Раҷабов Фарҳод, дар мавзӯи “Таъсири иловагиҳои минералӣ ба маҳсулнокии ширии говҳои зоти алои тоҷикӣ” н.и.к Байгенов Фарух — мудири шуъбаи хӯронидани чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ, дар мавзӯи “Истифодабарии премиксҳо дар хӯронидани буққачаҳои парворӣ”, Олимов Саъдулло — сармутахассиси хоҷагии кооперативии ба номи А.Юсупов ва Сатторов Ғуломалӣ — ходими илмии Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи АИКТ, атрофи “Бруселези чорвои калони шохдор ва омилҳои паҳншавии он дар байни хоҷагиҳои хурди фермерӣ” андешаронӣ намудаанд. Дар поёни ҷамъомад иштирокчиёни семинар бо фаъолияти чорводорони хоҷагии кооперативии ба номи “А.Юсупов”-и шаҳри Ҳисор аз наздик ошноӣ пайдо намудаанд.