
Ҷамъомади тантанавиро директори Институт Давлатов Хуршед Қаҳорович бо суханҳои табрикӣ кушода аҳли нишастро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфтанд.
Сипас бо маъруза баромад карда оиди дастовардҳои мардуми кишвар таи 33 сол ва дастовардҳои олимони Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ шинос карданд. Зимни баромади худ маърузачи махсус саҳми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд. Дар фарҷоми суханронӣ бори дигар кормандонро бо ин ҷашни фархунда шодбош гуфта, пояндагии истиқлол ва сулҳу осоиштагиро таманно намуданд.
Баъд аз он сухани табрикотиро ба намояндаи АИКТ Комилзода Давлатҷон Қаюмӣ доданд. Комилзода Д.Қ. сар аввал аз номи Президенти АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло аҳли толорро бо ин ҷашни фархунда табрик гуфта, бо маърузаи пурмазмун баромади худро идома дода ҳамагонро бо ин ҷашн шодбош гуфтанд.
