МЕҲРГОН, яке аз идҳои қадимаи халқҳои форсизабон аст. Аз нигоҳи аҳамияташ пас аз Наврӯз дувумин ҷашн аст. Ин рамзи тирамоҳи заррини деҳқон мебошад. Меҳргон ҷашни тақвимии-мавсимӣ аст.Дар солшумории шамсии авестоӣ (зардуштӣ),кӣ то имрӯз ҳифз шудааст ва дар Эрон амал мекунад. Ҳар моҳу сӣ рӯзи моҳ номи худоён ва фариштагони дини зардуштӣ дошт. Агар номҳои моҳ ва рӯз мувофиқат кунад, ҷашни мувофиқ ба номи моҳ оғоз меёфт. Моҳи ҳафтуми ин тақвим ва ҳамчунин рӯзи 16-уми ин моҳ Меҳр номида мешавад. Дар ин рӯз иди Меҳргон оғоз мешавад. Тибқи маъхазҳои қадимаи таърихӣ ниёгони мо дар ин рӯз ҷомаю либоси сурх ба бар намуда, ба ҳамдигар орзуҳои нек мефиристоданд. Анъана ва оинҳои марбут ба Меҳргон дар асрҳои миёна ҳифз шуда, то замони мо расидааст.