Бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати Кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2020 таҳти № ½ экотипи зарафшонии қутосҳои Помирӣ тасдиқ карда шуд. Муалифон: Қарақулов А.Б., Қоимдодов Қ.Қ., Раҷабов Ф.М.
Корҳои илмии бисёрсолаи мақсаднок дар натиҷаи ба вуҷуд овардани экотипи қӯтосҳои сермаҳсули Зарафшонӣ ба анҷом расонида шуд. Ин намуди чорво ба шароити ниҳоии муҳити атрофи минтақаҳои водии зарафшон мутобиқ мебошанд.
Қутосҳои экотипи Зарафшонӣ аз рӯи танумандӣ, намуди беруна (экстерьер), маҳсулнокӣ ва хусусиятҳои технологӣ, ба талаботҳои стандартии экотип ҷавобгӯ мебошанд.