
Таъкид шуд, ки тайи солҳои Истиқлолият шумораи мактабҳои таҳсилоти умумӣ афзуда, баргузории озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ”, “Тоҷикистон ватани ман”, “Илм фуруғи маърифат” боиси эҳёи илму бозёфти истедодҳои нав гардид. Ба нақши омӯзгор, муаллим дар рушду пешрафти илм, тарбия ва ҷомеа баҳои баланд дода шуд.
Агар дар ҷаҳон набувад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

